ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ҷаласаи мушовара бо мақомоти умури дохилии Русия дар соли 2021 ба далели пандемияи коронавирус баргузор нашуд.
Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки бо Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия телефонӣ суҳбат карду барои баргузории ҷаласаи мушовара дар соли равон созиш кардаанд. Макони мулоқоти вазирону мақомдорони баландпояи умури дохилӣ шаҳри Душанбе интихоб гардидааст.
Вазир афзуд, дар ҷаласа мубориза бо ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла терроризм ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши ташхиси криминалистӣ баррасӣ мегарданд.
Таъкиди Раҳимзода ба таҳкими мубориза бо терроризм дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, соли гузашта ҳудуди 50 нафар аз аъзои ташкилотҳои тероористӣ, ки дар хориҷ аз кишвар буданд, дар якҷоягӣ бо сохторҳои мақомотҳои мухталиф дастгир гардида, ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Дар маҷмуъ мақомоти тоҷик мегӯянд, дар соли 2021 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 579 нафар аз аъзои ташкилотҳои терррористию экстреместӣ боздошт шудаанд. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, боздоштшудагон дар содир намудани 761 ҷиноят айбдор мешаванд.
Аз ин шумор 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир шудаанд. Инчунин дар кишвар 15 нафар барои маблағгузории терроризм низ айбдор мешаванд, афзуд вазир.