ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2022 тасдиқ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллӣ.
Тибқи рӯйхат мазкур, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва бонки "Эсхата” ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардидаанд.
Масъулони Бонки миллӣ қайд намудаанд, ки рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” тасдиқ карда мешаванд.
Ҳамчунин тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти амонатии қарзии хурд “Имон Интернешнл” низ ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2022 ворид гардид.
“Ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Бояд қайд кард, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ”-и ин бонк нашр мегардад.