Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Шумори захмиёни даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш ёфт

Тибқи иттилои охирин, шумори умумии осебдидагон дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 20 нафар гузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Қирғизистон эълон кардааст, ки дар пайи муноқишаи ахири марзӣ 7 тан захмӣ дорад.
Захмиёни ин кишвар ба беморхонаҳои вилояти Ботканд интиқол дода шудаанд.
Тавре ба Sputnik Қирғизистон аз Вазорати тандурустии он кишвар хабар доданд, ҳолати захмиён миёна арзёбӣ мешавад.
Ҳама муассисаҳои беҳдоштии минтақавӣ дар наздикии марзи Қирғизистон ба реҷаи пурқуввати кор гузаштанд.
Дар ин даргириҳо 13 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 11 нафар низомиён (як ҳолати вазнин) ва ду ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштанд, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон дар бемористони Исфара.
Тоҷикистону Қирғизистон сари мизи гуфтушунид нишастанд: тафсилот
Миёни захмишудагон як корманди ҳукумати вилоят низ ҳаст, ки ҳамроҳи дигар хизматчиёни давлатӣ ба ҷои ҳодиса рафта буд.
Бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда, алакай шумори захмиён аз ҷониби Тоҷикистон ба 17 нафар расидааст ва пизишкон тахмин мезананд, ки шумори маҷруҳон боз ҳам бештар мешавад.
То соати 2:00 ба вақти маҳаллӣ вазъ нисбатан ором арзёбӣ мешавад, задухӯрдҳои фаъол дар марз ба поён расидаанд, садои тирҳо гоҳ-гоҳе ба гӯш мерасад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
КДАМ: Ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карданд
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.
Дархости СААД аз Тоҷикистону Қирғизистон: Тирпарониро фавран қатъ кунед!
Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқишаизҳори назар кард.
Вай бо намояндагони ҳарду ҷониб сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, хостааст, ҳарчӣ зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъ тавассути музокирот ҳал кунанд.
Қобили зикр аст, ки дар пайи муноқиша дар марз ҳудуди 17 нафар аз ҷониби Тоҷикистон захм бардоштаву як тани дигар фавтидааст.