ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Муҳоҷири тоҷик, ки мехост худро аз болои пули Қрим дар Маскав сарозер кунад, муҷозот шуд. Дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав хабар доданд.
Маълум шуда, ки муҳоҷири 46-сола на танҳо тартиботи ҷамъиятиро дар пойтахт, балки қонуни муҳоҷиратро низ нақз кардааст.
Ҳамин тариқ шаҳрванди Тоҷикистонро тибқи ду моддаи қонунгузории маъмурӣ муҷозот мекунанд. Муҳоҷир ба пулис гуфтааст, ба далели он ки музди меҳнаташро надодаанд, ба чунин амал даст задааст.
Ёдовар мешавем, 25 январ як шаҳрванди Тоҷикистон ба сутуни пули Қрим баромада, таҳдид кард, ки худро сарозер мекунад. Мард чанд соат поён фаромадан нахост.
Бар асари ин ҳодиса, ҳаракати нақлиёт дар 3 хатти пули Қрим ба сӯйи хиёбони Ленин қатъ шуд. Наҷотдиҳандагон 3 бор кӯшиш карданд, ки муҳоҷирро ба поён фароранд.
Ду кӯшиши аввал бе натиҷа анҷом ёфт, аммо ахиран ба коршиносон муяссар шуд, ки сабаби ин амалро муайян созанд.
Мард гуфт, агар музди корашро баргардонанд, ӯ мефарояд. Баробари иҷро шудани талаб ин марди тоҷик аз тариқи зинапояи сӯхторнишонӣ ба назди наҷотдиҳандагон фаромад.
Дар поён ӯро аллакай пулис интизор буд.