ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Қазоқистон чанд рӯз пеш вазъи муташанниҷ дар мавриди нигоҳ доштани мувозинати нерӯи барқ ва иқтидор мушоҳида шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Дар ин замина аз 24 то 31 январ энергетикҳои Қазоқистон интиқоли барқ барои кормандони умури маодинро қатъ карданд.
Тибқи ҳисобҳои Донишгоҳи Кембриҷ, Қазоқистон аз рӯи истихроҷи биткоинҳо дар ҷаҳон пас аз ИМА дар ҷойи дуюм қарор дорад, вале аз Русия дар ҷойгоҳи пештар аст.
Қатъи сартосарии барқ дар Осиёи Марказӣ
Рӯзи 25-уми январ, тахминан соати 11:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар Ӯзбекистон нерӯи барқ қатъ шуд. Нокомӣ дар система якбора якчанд шаҳрро фаро гирифт. Аз ҷумла Тошкент, Гулистон, Қаршӣ, Самарқанд, Бухоро, Қӯқанд, Чирчиқ бе барқ монданд.
Қатъи барқ на танҳо дар Ӯзбекистон рух дод, балки дар Алмаато, Бишкек ва як қатор вилоятҳои Қирғизистон низ ба мушоҳида расид.
Дар ҳамин ҳол Вазорати энержии Ӯзбекистон як садамаи бузург дар шабакаҳои энержии Қазоқистони ҳамсояро сабаби қатъи он унвон кард.