ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Бошгоҳи футболи "Хуҷанд" бо нимҳимоятгари беларусӣ қарордод имзо кард.
Нимҳимоятгари умедбахши 25-сола Андрей Левковетс барои бозӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар доданд аз дафтари матбуотии ин бошгоҳ ба Sputnik Тоҷикистон.
Шогирди тими "Шахтёр"-и Солигорск аз соли 2014 дар чемпионати Беларусия баромад мекунад.
Ӯ таҷрибаи бозӣ дар дастаҳои "Шахтёр" (Салихорск), "Смолевич", "Баранович", "Гранит" ва "Крумкач"-ро дорад.
Гуфта мешавад, ин легионери хориҷӣ дар “Хуҷанд” зери рақами ҳафт бозӣ мекунад.
Ба иттилои сомонаи "transfermarkt.ru", шартнома бо бозигари беларусӣ то 31 декабри соли 2022 ба имзо расидааст.
Левковетс ҳамчун агенти озод ба "Хуҷанд" рафтааст.
Ӯ 7 майи соли 1996 дар Солигорск таваллуд шуда, дар маҷмуъ, ин футболбози ҷавон дар 160 бозии қаҳрамонии Беларус ширкат кардааст.
Дар тӯли фаъолияти худ ӯ 15 гол задааст, ки сетоаш аз ҷаримаи 11-метрӣ будааст.
Вай инчунин дар тамоми карераи футболи худ 15 корти зард ба даст оварда, аммо корти сурх надорад.