ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар марҳилаи омодагӣ дар Туркия мунтахаби наврасони Тоҷикистон чаҳор бозии санҷишӣ баргузор мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, 24 январ яккачини Тоҷикистон бо ҳамсолони булғорияшон бозии санҷишӣ мегузаронад.
Дар бозии дуюм, рӯзи шанбеи 29-уми январ, шогирдони Зайниддин Раҳимов бо Академияи Краснодар (U-17) рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Рӯзи 31 январ наврасони Тоҷикистон бо тими Булғористон бозии дуввуми дӯстона анҷом медиҳанд.
Рақиби ниҳоии дастаи наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи омодагиҳояш дар Анталия мунтахаби Мексика хоҳад буд. Ин дидор рӯзи 3 феврал баргузор мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми тамрин дар Туркия ба шаҳри Минск, ки дар он ҷо 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал дар пойтахти Белорус доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, дастаи футболи наврасони Тоҷикистон соли қабл медалҳои тилло ва барандаи воқеии "Ҷоми Рушд - 2021" гардида буд.
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.