Видеои 23 голи беҷавоби бонувони ӯзбеку эронӣ ба дарвозаҳои тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Видеои голборон шудани тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯйи дастаҳои Эрону Ӯзбекистон нашр шуд
Sputnik
Навори шикасти тими бонувони футзалбози Тоҷикистон аз дастаи Эрон бо ҳисоби 0:12-ро шабакаи телевизионии "Варзиш" нашр кардааст.
Ин сабқат дар доираи даври дуюми CAFA-2022 дар Душанбе баргузор шуд. Дастаи Ӯзбекистон қаблан тими Қирғизистонро бо ҳисоби 11:0 шикаст дода буд.
Ин дар ҳолест, ки аллакай дар Душанбе даври сеюми CAFA-2022 оғоз гардида, тими эронӣ дар ин давр низ рақибони қирғизашро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод. Рӯзи 24-уми январ дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҷмаи варзишии Душанбе вориди майдон мешаванд.
То ҳол дар ҷадвали мусобиқоти CAFA-2022 тими бонувони Эрон пешсаф мебошанд. Дастаи Ӯзбекистон дар зинаи дуюм ва сипас Қирғизистону Тоҷикистон қарор доранд.