Лавров бо Блинкен музокирот мекунад: ИМА интизориҳояшро гуфт

Котиби давлатии ИМА дар арафаи мулоқот бо вазири умури хориҷии Русия гуфт, аз ин музокирот интизориҳои зиёд надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Блинкен мегӯяд, аз мулоқоташ бо Лавров, ки рӯзи ҷумъа дар Женева баргузор мешавад, пешрафтҳои хосеро интизор надорад.
"Интизориҳои бузурге надорам", - овардааст РИА "Новости" аз қавли котиби давлатии ИМА аз суҳбаташ бо телевизионии олмонии ZDF.
Вай афзуд, ки то ҳол музокироти зиёде бо ҷониби Русия сурат гирифтаанд ва дар мулоқоти Женева маълум хоҳад шуд, ки ҷонибҳо чӣ хулосае барои худ баровардаанд.
Ба иттилои манобеи РИА "Новости", ин музокирот соати 13:00 бо вақти Маскав оғоз хоҳад шуду ҳудуди 2,5 соат давом мекунад. Дар пайи ин мулоқот нишасти матбуотии Лавров ва Блинкен дар назар аст.
Раисӣ: НАТО нияти интиқоли террористҳо ба Осиёи Миёнаро дорад - видео
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд. Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд.
Ба гуфтаи Лавров, Маскав интизор дорад, Ғарб ба ҳар як пешниҳоди ҷониби Русия посухи хаттӣ медиҳад. Вай афзуд, шарикони ғарбӣ дарк менамоянд, ки Русия абадан мунтазир намемонад ва бояд зарурати вокуниши фавриро фаҳмида бошанд.