ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз қатъи кори бонкҳои мушкилдор низоми бонкӣ дар кишвар устувор мебошад.
Ин нуктаро Ҷамолиддин Нуралиев зимни муаррифии як тарҳ таҳти унвони "Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ" дар як ҳамоиш дар Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ гуфт.
Ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, Нуралиев дар мулоқот бо масъулину муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи татбиқи ислоҳоти "гузариш аз миқдор ба сифат" суҳбат кард.
Ба гуфтаи ӯ, татбиқи ин ислоҳот боиси беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ, зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давоми 6 соли охир гардид.
Нуралиев илова намудааст, ки нишондиҳандаҳои асосии устувории молӣ, новобаста аз берун шудани ташкилотҳои қарзии мушкилотдор аз низоми бонкӣ дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дорад. Ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кард, ки беҳтаршавии вазъи молии низоми бонкӣ идома дорад ва он натиҷаи таҳкими сифати низом мебошад.
Суҳбати Нуралиев аз берун шудани бонкҳои мушкилотдор дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта аз бозхонди иҷозатномаҳои ду бонки бузурги кишвар - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" хабар дод. Дар шарҳи барҳамдии бонкҳо Бонки миллӣ гуфт, бо вуҷуди дастгирии ҳукумат онҳо натавонистанд аз варшикастагӣ раҳоӣ ёбанд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз мизоҷони бонкҳои барҳамдодашуда то ҳол натавонистаанд пулҳоеро, ки пасандоз гузошта буданд, бозпас гиранд.