ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Нахустин нишасти иқтисодии толибон бо ҳузури намояндаи Созмони Милал ахиран дар кохи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон аз Амрико хост, дороиҳои Афғонистонро озод кунад ва қайд кард, ки толибон омода ҳастанд, бо Амрико дар тамоми масоил музокира кунанд.
Сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибҳо ҳамчунон гуфт, ки онон барои иттисоли минтақаӣ ва эҷоди равобити иқтисодимеҳвари Афғонистон бо кишварҳои дигар гомҳои муҳим бардоштаанд.
"Мо аз Иёлоти Муттаҳида даъват мекунем, ки пулҳои мунҷамидшудаи Афғонистонро раҳо кунад ва мо омода ҳастем, ҳама масъалаҳоро баррасӣ кунем", - афзуд ӯ.
Вай таъкид мекунад, ҳукумати толибон бо раҳбарии ин гурӯҳ бо ҷаҳон равобити хуб барқарор кардааст ва онҳо талош доранд, равобит дар асоси сиёсати мутавозин бо ҷаҳонро барқарор кунанд.
Дар ҳамин ҳол Дебора Лайонс, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, СММ барои озод кардани захираҳои асъори Афғонистон дар ҳоли музокира аст ва умедвор аст, ки онҳо тавонанд ба натиҷае бирасанд.
Аммо вай таъкид кард, мушкилоте, ки бар асари мунҷамид шудани пулҳои Афғонистон ба вуҷуд омадааст, бояд дар натиҷаи талошҳои муштараки бахши давлатӣ ва хусусӣ ҳал шавад.
Лайонс ҳамчунон хотирнишон кард, ки барои рафъи таҳримҳо алайҳи ҳукумати сарпарасти толибон садои худро баланд кардааст.