Пайдо шудани ҷасади ду мақомдори баландпояи амният дар Қазоқистон

Дар Нурсултон ҷасади полковники КДАМ ва дар Тараз сардори Раёсати пулиси вилояти Ҷамбул пайдо шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар Қазоқистон ҷасадҳои ду афсари баландпояи ниҳодҳои қудратӣ пайдо шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ҷасади сардори Раёсати пулиси вилояти Ҷамбул дар Тараз пайдо шудааст. Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфтааст, аз рӯи ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ идома дошта, ҷузъиёти марги ӯ мушаххас мешавад.
Дар Нурсултон бошад, ҷасади полковники Кумитаи амнияти миллӣ Азамат Ибраев пайдо шудааст.
Дар ин бора КДАМ Қазоқистон хабар додааст. Қаблан ин ниҳод гуфта буд, ки тамоми иншооти маъмурии тасарруфшуда дар Алмаато, Қизилӯрда, Толдиқӯрғон ва Тараз озод шуда, вазъ дар кишвар муътадил ва таҳти назорат қарор дорад.
Дар Қазоқистон чӣ гузашт: изҳороти расмии мақомот
Гуфта мешавад, амнияти объектҳои махсусан муҳими стратегӣ, макони нигаҳдории яроқу лавозимоти ҷангӣ таъмин шудааст.

Эътирозҳо дар Қазоқистон

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва манъи рафтуомад ҷорӣ, ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа мамнуъ эълон шуд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз ин мақом барканор шуд.
Илова бар ин бо дархости Тоқаев як гурӯҳ аз низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо талафоти зиёде дида мешавад, мақомоти қудратии ин кишвар аз боздошти аъзои гурӯҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта ва зарар аз ин эътирозҳо аз 200 миллион доллар ҳам бештар гуфта мешавад.
Ҳукумати Қазоқистон марги 164 нафарро дар ошӯбҳо рад кард
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар ин кишвар ба фаъолият шуруъ кардаанд.
То нуҳуми январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт ва 22 аслиҳаи оташфишону 1412 дона тир мусодира шудааст.
Парвозҳо аз Алмаато ба Душанбе мавқуф шуд
Дар Қазоқистон кӯдакистону мактабҳо барои кӯдакони нобино таътил ва ҳамчунин таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва донишҷӯён то 24 январ тамдид шуд.
Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон гашт.