Нахустин хабар аз Назарбоев: мулоқоти Лукошенко бо аввалин раисҷумҳури Қазоқистон

Раисҷумҳури Беларус бо нахустин президенти Қазоқистон дар як суҳбати телефонӣ вазъи ин кишварро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Александр Лукашенко, роҳбари Беларус дар суҳбати телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев, аввалин раисҷумҳури Қазоқистон, вазъи ин кишварро баррасӣ кард, иттилоъ додааст Sputnik Беларус.

"Имрӯз як гуфтугӯи телефонии Александр Лукашенко бо раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор ва зимни ин суҳбат вазъи Қазоқистон ба таври муфассал баррасӣ шуд", — омадааст дар хабар.

Бояд гуфт, дар аз оғози нооромиҳо дар Қазоқистон ин аввалин хабар аз Нурсултон Назарбоев аст. Қаблан расонаҳо аз фирори ӯ ва аҳли хонаводааш хабар дода буданд. Дар рӯзҳои аввали эътрозҳо расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки оқои Назарбоев дар кишвар ҳузур надорад ва ӯ дар хориҷ аз ин кишвар табобат мегирад.
Қазоқистон дар ҳолати омодабош: эълони хатари дараҷаи сурх
Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ ба ин тазоҳурот сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони ин кишварро барангехт.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн карданд. Аз ҷумла дар Алмаато рӯзҳои чаҳоруму панҷуми январ миёни сокинону маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.