Нерӯҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон парвоз карданд

Ҳавопаймои Ил-76-и Русия бо нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон аз фурудгоҳи Ҳисор ба Қазоқистон парвоз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Низомиёни тоҷикро ҳавопаймоҳои низомии Русия ба Қазоқистон интиқол медиҳад. Аллакай ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Ҳисор парвоз кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.
"Ҳавопаймои низомии Русия интиқоли ҳайати низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз нерӯҳои посдори сулҳи СААД ба Қазоқистон анҷом медиҳад. Ҳавопаймои ҳарбии Ил-76-и нерӯҳои ҳавоии Русия аз фурудгоҳи Ҳисори Тоҷикистон ба Қазоқистон парвоз карданд”, - омадааст дар хабарнома.
Пештар маълум шуд, Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро ба Қазоқистон мефиристад.
Интизор меравад, ки ин низомиёни тоҷикистонӣ дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, омодагии кишварро барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон баён дошта, онро ҷузъе аз уҳдадориҳо дар доираи созмон арзёбӣ кард.
Парлумони Тоҷикистон барои фиристодани нерӯ ба Қазоқистон ризоият дод
Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои қазоқаш, Қосимҷомарт Тоқаев изҳори умед кардаст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.
Маълум шуд, ки Тоҷикистон чанд нафар низомиро ба Қазоқистон мефиристад
Тоқаев зимни дархости кумаки низомӣ аз роҳбарони кишварҳои узви СААД гуфт, дар кишвар гуруҳҳои террористӣ дастбакор шудаанд, ки байналмилалӣ мебошанд, чун омодагии ҷиддиро дар хориҷи кишвар гузаштаанд. Ӯ афзуд, ки ҳамлаи ин гуруҳҳо ба Қазоқистон бояд ҳамчун таҷовуз пазируфта шавад.
Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки аллакай бархеяшон интиқоли нерӯро ба Қазоқистон оғоз кардаанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.
Қазоқистон дар ҳолати омодабош: эълони хатари дараҷаи сурх
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ хатари дараҷаи сурх эълон гардидаст.