ДУШАНБЕ, 31дек — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия ахиран дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки Русия аз давлати толибон дар мавриди қасди худ барои таъйини сафири ҷадиди Афғонистон дар Маскав иттилое дарёфт накардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Мо аз ҷониби Афғонистон ё мақомоти афғон дар бораи нияти фиристодани сафир ба Русия ҳеҷ гуна иттилоияе дарёфт накардаем”, - гуфт хонум Захарова.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ин гурӯҳ қасд дорад сафири худро ба сафорати Афғонистон дар Русия таъйин намояд ва умедвор аст, ки Русия ҳукумати ҷадидро ба расмият шиносад.
"Мо барнома дорем, ба вижа барои сафоратҳои кунунӣ, дар назар дорем то сафири худро дар Маскав таъйин кунем. Ин як иқдоми дипломатӣ аст, сафоратҳо ва консулгариҳо барои равобити дипломатӣ муҳиманд ва мо якҷоя дар ин раванд кор дорем", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мавзуи эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистонро тавзеҳ дод.
Кобулов мегӯяд, дар мавриди эътирофи ҳукумати ҷадиди толибҳо як фаҳмиши умумие вуҷуд дорад, аммо дар зимн баъзе нозукиҳои мавқеъҳо низ ҷой доранд.
Ӯ мегӯяд, Русия ҷонибдори риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст, бинобар ин ӯ муҳим хонд, ки духтарону занони афғон ба таҳсил, ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ҷалб шаванд. Русия ҳамчунин тарафдори ҳузури намояндагони тамоми ақвом ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҳукумату ҳаёти ҷамъиятии кишвар мебошад, изҳор доштааст Кобулов дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон.
Дипломат чор қавми бузурги Афғонистон - тоҷикон, паштунҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳоро зикр намуда, дар зимн муҳим донистааст, ки ҳукумат на танҳо аз нигоҳи қавмӣ, балки аз назари сиёсӣ низ ҳамашумул бошад.
"Онҳо бояд нишинанд ва дар ин бора музокира кунанд. Ба воситаи кадом васила, Луи ҷирга ё шакли демократӣ, ин кори онҳост. Он гоҳ сулҳи пойдор миёни миллатҳо дар Афғонистон ба вуҷуд меояд", - таъкид кард Кобулов.
Ҳамзамон оқои Кобулов илова кард, ки эътирофи сиёсӣ бештар як амали рамзӣ мебошад. Ӯ ишора кард, ки ба расмият шинохтан амалан дар ҷараён асту ҳузури ҳайати толибҳоро дар мулоқоти Маскав ва тамоси намояндагони ҳукумати нав бо кишварҳои дигарро ҳамчун далел зикр намудааст.