Бердимуҳаммадов гуфт, 2022 чӣ солест ва ба кӣ комёбӣ меорад

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қайд кард, ки соли оянда соли бабри барфӣ аст, на паланги обӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, соли 2022 чӣ гуна хоҳад буд. Кишвардор дар пешгӯии худ соли ояндаро на соли паланги обӣ (тибқи тақвими шарқӣ), балки соли озодапаланг гуфт.
Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи муштараки Девони Вазирон ва Шӯрои амнияти давлатии Туркманистон пешгӯии астрономии худро эълон кард, хабар медиҳад хабаргузории давлатии "Туркманистон сегодня".
Ба гуфти президент, бабр як махлуқи зирак, ҷисман рушдёфта, ҳадафманд буда, сустиро таҳаммул намекунад, соли ин ҳайвон барои онҳое, ки чунин хислат доранд, соли хуб мешавад.
Бо назардошти ин хусусиятҳо президент барои соли оянда тавсияҳои зеринро ироа кард:
барои шабеҳи барб шудан бояд ба худшиносӣ, дарки навоварӣ машғул шуд;
2022 барои омӯзиши забонҳо ва азхудкунии ихтисосҳо соли хуб хоҳад буд;
соли бабр мушкилоти ҷиддии саломатӣ нахоҳад овард, он махсусан барои пайравони тарзи ҳаёти фаъол хуб хоҳад буд;
рӯҳияи баланди бабр ба ҳалли ҳамаи масъалаҳо мусоидат мекунад. Онҳое, ки дар соли бабр таваллуд шудаанд, бо хислати хуб, нерӯмандӣ, хушмуомилагияшон аз дигарон фарқ мекунанд ва дар тиҷорату эҷодкорӣ муваффақ мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ин аввалин пешгӯии раисҷумҳури Туркманистон нест. Президент ҳамасола аз рӯи ситорашиносии шарқӣ пешбиниҳоеро расонаӣ мекунад.
Бердимуҳаммадов дастур дод, ки дар Соли нав қимати маҳсулотро коҳиш диҳанд
Масалан Бердимуҳаммадов бовар дошт, ки соли 2021 - соли бақар фоида меорад, зеро соли "яке аз ҳайвоноти дӯстдоштаи туркманҳо аст".
Дар соли 2020, ки соли мӯш буд, президент ҳосили фаровонро пешгӯӣ карда буд.
Путин Соли навро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Бар замми ситорашиносии шарқӣ, Бердимуҳаммадов ба нумерология бовар дорад ва рақами ҳафтро рамзи хушбахтӣ медонад. Ин рақам дар мошинҳо ва аспҳое, ки президент дар пойгаҳо истифода мекунад, насб шудааст.