Ӯзбекистон низоми интиқоли пули муҳоҷиронро беҳтар мекунад

Мақомоти Ӯзбекистон аз таъсиси низоми пардохти ягонаи фаромарзии интиқоли пул хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон пешниҳоди таъсиси низоми ягонаи интиқоли пул аз хориҷи кишварро ба тасвиб расонд, иттилоъ додааст хабаргузории “Интерфакс” дар истинод ба дафтари матбуотии Девони Вазирони кишвар ин кишвар.
Манбаъ шарҳ додааст, ки низоми пардохти ягонаи фаромарзии интиқоли пул дар заминаи Бонки миллии равобити иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон таъсис дода мешавад.
Намояндагии Бонки миллии Ӯзбекистон дар Маскав - "Азия-Инвест Банк" дар Русия барои анҷоми тасфияҳисоби додуситади байналмилалӣ баргузида шудааст.
Дар чаҳорчӯби ин низом ҳукумат ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки лоиҳаи қарзии пӯшиши масорифи ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Русияро таҳия намоянд.
Сӣ соли узвият дар ИДМ ба Ӯзбекистон чӣ дод – видео
Бино бар иттилои Бонки марказии Ӯзбекистон, ҳаҷми интиқоли фаромарзии шахсони воқеӣ ба Ӯзбекистон дар соли 2020 6,03 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2019 17,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол интиқоли пул аз Русия аз 5,07 миллиард доллар ба 4,81 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.
Бонки миллӣ умедвор аст, ки дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли пул аз хориҷ ба 8 миллиард доллар мерасад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар аввали соли 2021 беш аз 1,6 миллион нафар (тақрибан 20 фоизи аҳолии коргар) шаҳрванди Узбекистон берун аз қаламрави ин кишвар, аз ҷумла ҳудуди 1,2 миллион нафари онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекарданд.