ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бори чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари КМО дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 28 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари КМО дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 28 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи оинномаи кумита, Эмомалӣ Раҳмон ба муддати се соли минбаъда (солҳои 2022-2024) президенти КМО интихоб шудааст.
Гуфта мешавад, номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, ӯ бидуни зиддияти касе ба ин симмат интихоб гардидааст.
Дар ҷаласа, ҳамчунин Раҳмонзода Абдулло (муовини аввали раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон ) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони президенти КМО Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (дабири кулли Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш) дабири кул интихоб шудаанд.
Ҳамзамон Екатерина Измайлова (узви Комиссияи варзишгарони КМО Тоҷикистон), Қаландарова Шоҳида (узви Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Абдулло Маҳамадализода (котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон), Ҳусейнҷон Саидов (узви Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон) ва Нигина Хайруллоева (котиби генералии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон) аъзои дигари Кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб шуданд.