Кумаки навбатии Ӯзбакистон ба Афғонистон

Мақомоти Ӯзбекистон рӯзи панҷшанбе ба Афғонистон бастаи нави кумаки башардӯстона фиристод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ӯзбекистон ба Афғонистон кумаки навбатияшро ирсол кард, хабар медиҳад ҳокимияти вилояти Сурхандарё.
Ба иттилои манбаъ, кумаки навбатӣ аз либосу озуқа ва ангишт иборат аст.

"Имрӯз, 23-юми декабр тавассути гузаргоҳи Ҳайратон дар Тирмиз 63 вагон кумаки башардӯстона ба Мазори Шариф фиристода шуд", - омадааст дар хабари ҳокимияти вилояти Сурхандарё.

Маросими интиқоли кумакҳои башарӣ бо ширкати мақомоти ду кишвар дар вилояти Балхи Афғонистон баргузор мешавад.
Дар миёнаҳои моҳи сентябр Ҳукумати Ӯзбекистон тавассути роҳи оҳан ба Афғонистон 1300 тонна кумаки башардӯстона дар шакли ғизо, дору ва либос фиристода буд.
Пештар мушовири аршади комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) Франк Ремус гуфта буд, ки нисфи аҳолии Афғонистон бо мушкилоти шадиди норасоии ғизо мувоҷеҳ аст.
Сафири Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон сипос гуфт
Ба гуфтаи СММ, 3,5 миллион паноҳҷӯи дохилӣ барои сипарӣ кардани зимистон ба кумаки фаврӣ ниёз дорад.
Ёдовар мешавем, моҳи август толибон ҳокимиятро дар Афғонистон тассаруф намуданд ва кишвардор Ашраф Ғанӣ курсияшро тарк карду аз ин кишвар гурехт.
Толибон пас аз он сари ҳокимият омаданд, ки Амрико нерӯҳои худро аз хоки ин кишвар берун бурд. Ҳоло ягон давлат ҳукумати толибонро ба расмият нашинохтааст.