ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, гуфт сокинони кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна ба арзиши 3 миллиард сомонӣ гап мезананд.
Танҳо давоми 10 соли ахир барои истифодаи алоқаи ширкатҳои мобилӣ аз ҷониби аҳолии кишвар 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.
"Мо ба ширкатҳои мобилӣ, ки 90 фисадаш ширкатҳои хориҷист, ҳар сол се миллиард сомонӣ маблағ медиҳему мегӯем, маблағ надорем", - афзуд президент.
Президент гуфт, маданияти истифодабарии телефонҳои мобилиро бояд дида бароем: "махсусан кӯдакону наврасонро бояд аз он эҳтиёт кард, зеро паёмадҳои он вазнин аст ва касилиҳои зиёд аз он пайдо мешавад.
"Фақат гапамон 30 миллиард аст. Ин се миллиард доллар аст ва пули кам ҳам нест Агар ин пул ба НБО "Роғун" равона карда мешуд, вақт ин иншоот бунёд мегардид", - гуфт президент.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст.
Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд, гуфт президент.
Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлат натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда баён кард.