Даргузашти Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавон ва муараббии тоҷик

Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки даҳсолаҳо ба тарбияи насли ҷавон машғул буд, дар синни 70-солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҷумъаев дар синни 70-солагӣ дар зодгоҳаш, деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ даргузашт, хабар доданд наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Дар мавриди иллати марги паҳлавон ва чизе гуфта нашудааст.
Худогӯ Ҷумъаев аз нахустин устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи самбо аз Тоҷикистон буда, 15 бор қаҳрамони ҷумҳурӣ дар ин навъи варзиш шудааст. Ӯ ки дар вазни беш аз 80 кило қувваозмоӣ мекард, ба унвони яке аз майдондорони асосии Тоҷикистон дар солҳои 70-90-уми асри гузашта ёд мешавад.
Даргузашти гурзандози шинохтаи шӯравӣ: касе ҳанӯз рекордашро нашикастааст
Бар асоси ҳолномаи Ҷумъаев, ки сомонаи "Vanj.info" нашр кардааст, ӯ умрашро ба тарбияи насли наврас бахшидааст.
Дар феҳрасти шогирдони Ҷумъаев Эргаш ва Шер Маҳмадбековҳо, устодони варзиши федератсияи Русия зикр мешаванд, ки худашон низ чандин қаҳрамони сатҳи ҷаҳониро тарбия намудаанд.