ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар эъломияе, ки Бонки марказии ҳукумати толибҳо мунташир кард, гуфта шудааст, ки талошҳо дар ҷиҳати коҳиши суқути пули афғонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ва навасоноти арзӣ, ки қудрати хариди мардумро муттазарир месозад, ҷараён дорад.
Масъулини ин бонк афзуданд, ки бо тамоми ниҳодҳои марбута барои беҳбуди вазъи пули Афғонистон кор мекунад.
Аз сӯйи дигар Иттиҳодияи саррофони Саройи Шоҳзода низ аз оғози талошҳо барои ба эътидол овардани қурби асъор хабар дод ва гуфт, ки бо масъулони Бонки марказии ҳукумати толибон мулоқоте доштаанд.
Аммо бо поин рафтани қурби афғонӣ дар баробари доллар қимати ашёи хом низ боло рафт, ки мардум қобилияти харидории худро аз даст додаанд.
Ба тозагӣ Утоқи пешаварон ва дукондорон низ эълом кардааст, ки ба далели афзоиши бесобиқаи қимати орд ва гази моеъ қимати як нон аз 10 ба 15 афғонӣ хоҳад расид.
Дар ҳоли ҳозир арзиши як доллари амрикоӣ дар бозори марказии асъор аз 125 афғонӣ ҳам бештар шудааст.