Имомзода дар Дубай масъалаи мактабсозӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо мақомдорони кишварҳои арабӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Имомзода, ки феълан дар ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши маориф барои ояндаи шукуфон ва устувор дар шаҳри Дубай қарор дорад, бо масъулини Имороти Муттаҳидаи Арабӣ лоиҳаҳои ҳамкориро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати маориф, Муҳаммадюсуф Имомзода бо муовини мудири кулли Бунёди хайривӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон Ал-Наҳён, доктор Иброҳим сохтмони мактабҳоро баррасӣ намудааст.
Манбаъ зикр намудааст, ки айни замон лоиҳаи созишнома байни ҳукумати Тоҷикистону Фонди хайриявӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон Ал-Наҳён таҳия гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Данғара ва Темурмалик дар назар аст. Таъкид шудааст, ки феълан харитаи ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур таҳия гардида, дар мувофиқа қарор дорад.
Имомзода: Тоҷикистон тасмим дорад, омӯзгорони Русияро бештар ҷалб намояд
Ба иттилои Вазорати маориф, интизор меравад, ки намояндагони фонд дар фурсатҳои наздик ба Тоҷикистон биёяду баъд аз имзои созишнома барои сохтмони мактабҳо дар ноҳияҳои номбаршуда санги асос гузоранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Имомзода яке аз мушкилотро дар бахши маориф норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ гуфт. Агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд, далел оварда буд вазири маориф.
Ӯ илова намуд, ки инчунин муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавиянд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.