Сабукӣ барои ҷалби бозигарону мураббиён аз хориҷ ва рушди футбол дар Тоҷикистон

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳҳои кишвар дар соли 2022 аз бархе сабукиҳои молиётӣ бархурдор хоҳанд буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва клубҳои футболи кишвар дар соли 2022 аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва аз воситаҳои нақлиёт озод хоҳанд буд, омадааст дар Қонуни буҷа барои соли оянда.
Бар асоси Қонуни буҷаи соли 2022, ки ахиран аз ҷониби парлумону президент тасвиб шуд, инчунин мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти федератсия ва бошгоҳҳои футбол ҷалб мегарданд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.
Рӯйхати аввалияи намудҳои варзиши Бозиҳои олимпии 2028: боксу вазнабардорӣ ворид нестанд?
Дар баробари ин фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешаванд.
Бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори "Исмоили Сомонӣ", ки аз сабукиҳои молиётӣ бархурдор аст, соли 2006-ум оғоз гардида, ҳанӯз анҷом наёфтааст.
Инчунин сохтмони бинои чандманзураи маъмурӣ дар суроғаи хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ аз ин гуна сабукиҳо баҳраманд аст.
Бар асоси Қонуни буҷаи соли 2022, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони русӣ низ аз пардохти андоз озоданд.