ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Изҳорот дар бораи он ки штамми омикрон ба осонӣ паси сар мешавад, бемасъулиятона аст, гуфт Денис Логунов, муовини сардори Маркази тадқиқотии ба номи Н.Ф. Гамалеи зимни конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муқовимат бо коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ.
Ӯ қайд кард, то ҳол маълумоти муътамаде дар бораи чӣ гуна аз сар гузаронидани беморӣ аз ҷониби пиронсолон ва онҳое, ки гирифтори навъҳои қаблии COVID нашудаанд, мавҷуд нест.
"Одамони дорои масунияти баланд, воқеан метавонанд ин штаммро сабук гузаронанд, аммо даъво кардан, ки ин як штамми "сабук" аст, бемасъулиятист", - гуфт Логунов.
Бори аввал версияи нави коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуд.
Вай аз штаммҳои пештара бо тағйироти зиёди худ фарқ мекунад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пас аз як ҷаласаи изтирорӣ тасмим гирифт, ки ин штаммро ҳамчун сабаби нигаронӣ тасниф кунад.
Ду фарзия вуҷуд дорад, ки тибқи якеаш, вирус дар ҷисми одамон бо иммунитети заиф бештар мемонад.
Фарзияи дигар ин аст, ки вирус аз одамон ба шумораи зиёди ҳайвонот интиқол дода шуда, ба организмҳои нав мутобиқ шудааст ва сипас одамонро бо штамми мутатсияшуда дубора сироят кардааст.
Қаблан вирусшиноси рус Пётр Чумаков гуфта буд, одамоне, ки бо штамми нави ковид бемор мешаванд, ба вариантҳои беморикунандаи он муқовимат хоҳанд кард.
Аломатҳои асосии он то ҳол дарди шадиди сар, табларза, дарди бадан ва хастагии "деҳшатнок" мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки маркази "Вектор" ба ғайр аз ду нафари дигар, ки аз Африқои Ҷанубӣ омадаанд, дар бадани чаҳор сайёҳи дигари рус сирояти навъи омикронро тасдиқ кард.