Вазирони тоҷику итолиёвӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои итолиёвияш Луиҷи Ди Майо густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Мулоқоти дуҷонибаи Сироҷиддин Муҳриддин ва Луиҷи Ди Майо рӯзи ҳаштуми декабр дар ҳошияи конфронси дуюми вазирони хориҷии "Итолиё - Осиёи Марказӣ" дар қолаби С5+1 дар Тошканд баргузор шуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳар ду ҷониб ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳоро дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Манбаъ афзуд, ки масъалаҳои мубрами минтақа, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон низ аз масоили меҳварии мулоқот буд.
Пешрафтҳои Тоҷикистон пас аз узвият дар СҶТ – омори расмӣ
Дар мавриди мулоқоти бисёрҷонибаи С5+1 Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ додааст, ки дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти умури хориҷӣ, иқтисодӣ, молӣ ва тандурустӣ иштирок намуданд.
Дар мавриди вазъ дар минтақа таъкид шудааст, ки бояд муносиботи дӯстию бародарии миёни халқҳо таҳким шаванду алайҳи чолишҳои муосир иқдомоти муштарак роҳандозӣ гарданд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, савдою сармоягузорӣ, энергетика ва саноат аз дигар мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
Инчунин намояндагони Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар мавриди тандурустӣ ва мубориза бо пандемияи коронавирус ва паёмадҳои он табодули афкор намудаанд.