ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Ирек Файзуллин, вазири сохтмон, манзил ва хоҷагии коммуналӣ эълон кардааст, ки ҳар як минтақаи Русия дар сурати омӯзондани мутахассисон метавонад умури сохтмониро бидуни ҷалби муҳоҷирон анҷом диҳад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА "Новости".
“Албатта, ҳар як минтақа омодааст бидуни муҳоҷирон кор кунад. Аммо барои ин кор бояд хуб омода бошему мутахассисонро тайёр намоем ва танҳо дар сурати омода будани кадрҳо метавон ин роҳро пеш гирифт. Дар як руз ин корро анҷом додан ғайриимкон аст, — гуфт Файзуллин.
Номбурда қайд кард, ки коҳиши шумори муҳоҷирон як раванди тӯлонӣ аст, ки бо омода кардани кадрҳои ватанӣ ва афзоиши нерӯи тавлидии онҳо рабт дорад.
Қаблан Олтинай Омурбекова, мудири Департаменти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии Комиссияи иқтисодии Авруосиё гуфта буд, ки дар соли 2021 теъдоди муҳоҷирон дар Русия нисбат ба соли 2020 се маротиба бештар шудааст.
Қабл аз ин шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хостори ҷалби русҳо ба корҳои сохтмонӣ бо маоши баланд дар ин шаҳр шуда буд.
Ёдрас менамоем, ки ахиран Сергей Миронов гуфта буд, бояд бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ карда шавад.
Ба ақидаи ӯ, чунин тадбир ҷараёни муҳоҷиронро маҳдуд, афзоиши ҷинояткорӣ ва вуруди навъҳои нави коронавирус ба ин кишварро маҳдуд мекунад.
Миронов гуфтааст, бояд иқтисоди Русияро аз қувваи кории арзон муҳофизат кард, ки рушди онро суст мекунад.
Сиёсатмадор ҳамзамон нақшаи ҳукумати Маскав барои кам кардани коргарон дар сохтмонҳоро ҷонибдорӣ кард.