Финали Ҷоми Тоҷикистон: "Истиқлол" дар меҳмонӣ бо "Хуҷанд" зӯрозмоӣ мекунад

Тими "Истиқлол" дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол бо дастаи "Хуҷанд" сабқат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Финали Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол - 2021 рӯзи 9-уми декабр дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлол" - и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Ин зӯрозмоӣ миёни қаҳрамони Тоҷикистон - тими "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати кишвар - дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар назар аст, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ зикр намуд, ки дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон - 2021 дастаи "Истиқлол" бар "Эсхата" бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид ва натиҷаи ҳар ду бозияшон бо ҳисоби 7:3 ба фоидаи тими Душанбе анҷом ёфт. Таъкид гардид, ки голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва Рёта Нома ба ҳадаф расонданд.
Ду футболбози тоҷик ба "Персеполис" гузаштанд, аммо ҳоло дар он ҷо бозӣ карда наметавонанд
Зикр гардид, ки дар бозии дигари нимфинал "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале иштирокаш дар Ҷоми Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Кумитаи миллӣ далели роҳёбии дастаи "Хуҷанд" ба финалро пирӯзии калонаш дар боозии аввал хонд, ки бо ҳисоби 4:0 пирӯз гардида буд.
Манбаъ зикр намуд, ки дар финалҳои Ҷоми Тоҷикистон тимҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" ду бор майдондорӣ кардаанд, ки якеаш соли 2010 бо пирӯзии тими Душанбе бо ҳисоби 5:0 ва дигаре соли 2017 бо пирӯзии дастаи тими Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.

Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон намуд, ки дастаи "Истиқлол" дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба - 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва "Хуҷанд" чор маротиба -1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 дар Ҷоми Тоҷикистон ғолиб гардид.