ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба Афғонистон баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, кумаки мазкур аз 2,500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон фиристода мешавад.
Ин кумаки башардӯстона тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.
Расонидани кӯмаки башардӯстона дар ҳоле сурат мегирад, ки бо наздик шудани фасли зимистон дастрасии мардуми Афғонистон, бавижа сокинони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба озуқа душвор мегардад.
Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кумакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд.
Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссариати олии паноҳандагони СММ Ҳанс Фридрих Шоддер теъдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар қаламрави Тоҷикистонро ҳудуди 12 ҳазор нафар гуфта буд.
Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо дар пайи дарёфти мақоми паноҳандагӣ ҳастанд.