ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Шамил Аляутдинов, рӯҳони машҳури Русия, имомхатиби масҷиди Мемориали Маскав, муаллифи даҳҳо китоби диниву психологӣ қазияи шиканҷаи Мадинаро шарҳ дод.
Олими русиягӣ, ки дар Тоҷикистон низ шинохтааст, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон далели рух додани ин гуна ҳодисаҳоро гумроҳӣ ва ваҳшигарии инсонӣ номид.
Ёдрас мешавем, ҳодисаи шиканҷаи Мадина Мамадҷонова ном зани 32-сола дар Тоҷикистон чандест, ки дар сархати хабарҳо қарор дорад. Дар латукӯб ва бӯғӣ кардани зан ҳамсари маъшуқаш - Азиза Давлатова муттаҳам мешавад.
Ҳодиса охирҳои моҳи август рух дода, танҳо пас аз муроҷиати модари Мадина ба мақомот дар ҷиҳати муҷозоти гунаҳкорон дар моҳи октябр расонаӣ шуд.
“Қазияи мазкур аз як тараф далели адами дониши мазҳабӣ дар замони муосир ва аз як тарафи ваҳшигии инсонист”, - мегӯяд имом.
Аляутдинов таъкид мекунад, ки агар як тарафи масъала гумроҳӣ дар масъалаи мазҳабӣ бошад, ҷониби дигари он шаҳват ва эҳсостест, ки идора намешавад.
Ба қавли ӯ, ҳарчанд “асли дин ва ахлоқ муқаддас ва пок бошанд ҳам, мутаассифона, одамон аз ҳисоби идора карда натавонистани шаҳват ва эҳсосоташон бо дасти худ барои худ мушкилиҳои бузургро месозанд”.
“Бояд қайд кард, ки он мушкилиҳо чӣ ба пешомадҳои ҳаёти дунявӣ ва чӣ ба охираташон рабт дорад”, - меафзояд ин рӯҳонӣ.
Шамил Аляудтинов мегӯяд, дар ин ҳодиса танҳо нафари алоҳидаро айбдор дониста наметавонад.
Ҳамаи иштирокдорони ин фоҷеа ба ин ё он дараҷа айб доранд ва самараи амали худро мечашанд, меафзояд ӯ.
Ёдрас мешавем, Мадина Мамадҷонова пас аз шиканҷа шудан, се моҳ мешавад, ки то ҳол ба худ наомадааст ва дар ҳолати беҳушӣ дар шуъбаи эҳё қарор дорад.
Баробари Азиза Давлатова гумонбари асосӣ, ҳамсари вай Лутфулло Давлатов низ боздошт шуда, тафтишот ба анҷом расидааст ва парванда ба додгоҳ ирсол шудааст.