ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҳоким Холиқзода ба сафари Саудӣ аз рушди 9-дарсадии ММД-и Тоҷикистон дар даҳмоҳаи соли равон хабар дода, аз сабукиҳои андозбандӣ дар кишвар гуфтааст.
Тибқи иттилои БМТ, Ҳоким Холиқзода аз тағйироту сабукиҳо дар бахши андозбандӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зикр намуда, таъкид кардааст, ки барои сармоягузорӣ дар бахши бонкдории исломӣ имкониятҳои васеъ фароҳам гардидаанд.
"Аз ин лиҳоз тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни бонкҳои марказӣ ва тиҷоратии ду кишвар ба манфиат хоҳад буд", - изҳор кардааст раиси Бонки миллӣ.
Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдан дар мулоқот ҳавасмандии Арабистони Саудӣ барои тақвияти муносибот бо Тоҷикистонро баён доштааст.
"Шароите, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахши бонкдорӣ фароҳам оварда шудааст, қобили таваҷҷуҳ аст ва мо кӯшиш менамоем, ки аз имконияти мазкур барои ҷалби сармоягузорони кишвари худ истифода намоем", - ваъда додаст сафир.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллӣ, ҷонибҳо масъалаи вусъат бахшидани корҳои марбут ба имзои ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявиро таъкид кардаанд. Аз ҷумла ин санад ҳамкориҳо дар бахши муқовимат бар зидди софкории пул, маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқамандро фаро мегирад.
Дар охир Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдан мақомдорони Бонки миллии Тоҷикистонро барои боздид аз Бонки марказӣ ва шиносоии бештар бо низоми бонкӣ ба Арабистони Саудӣ даъват намудааст, ки пазируфта шудааст.