Даргирӣ миёни толибон ва ДИИШ* дар шаҳри Қандаҳор

Толибон мегӯянд, ки дар даргирии миёни нерӯҳои ин гурӯҳ ва нерӯҳои ДИИШ* дар маркази шаҳри Қандаҳор се узви "Давлати исломӣ"* ва ду ғайринизомӣ кушта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон дар "Твиттер" навиштааст, ки нерӯҳои ин гурӯҳ як паноҳгоҳи ДИИШ*-ро дар минтақаи шифохонаи Сидоли ҳавзаи чаҳоруми амниятии Қандаҳор ҳадаф қарор додаанд.
Самангонӣ ҳамчунин навиштааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт паноҳгоҳи ДИИШ* тахриб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин амалиёт ба нерӯҳои толибон осеб нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Ал-рӯз" навиштааст, ки нерӯҳои вижаи толибон ахиран алайҳи шаш паноҳгоҳи ДИИШ* амалиёт анҷом доданд. Вай аз қавли масъулони идораи иттилоот ва фарҳанги Ҳирот гуфтааст, ки дар ин амалиёт чаҳор узви ДИИШ* кушта ва ҳашт нафари дигар боздошт шудаанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Барафрохта шудани парчами сиёҳи ДИИШ* дар вилояти Урузгон
Вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ҷойгир аст. Ҳукумати қаблӣ аз фаъолияти ДИИШ* дар ин вилоят камтар гузориш медод, аммо бо омадани толибон дар Афғонистон ба сари қудрат ДИИШ* ҳузури худро дар вилоятҳои мухталиф, аз ҷумла Урузгон, вилояти ҳамсояи Қандаҳор густариш додааст. Ахиран як масҷиди шиаҳо дар шаҳри Қандаҳор ҳадафи ҳамлаи маргбор қарор гирифт, ки ДИИШ* гуфт, ҳамларо аъзои ин гурӯҳ анҷом додаанд.
ДИИШ* то ҳол дар бораи даргирии ахир бо Толибон дар Қандаҳор чизе нагуфтааст, вале дар бархе маворид шаҳрвандон толибонро ба куштани мухолифонашон зери ниқоби ДИИШ муттаҳам мекунанд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон