Фақри шадид дар Ғур: хонаводаҳо бо шиками гурусна рӯи ҷода мехобанд – акс

Чандин хонавода дар вилояти Ғур ба далели фақри шадид дар канори яке аз ҷодаҳои шаҳри Фирузкӯҳ, маркази вилоят зиндагӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Шуморе аз хонаводаҳо дар вилояти Ғур ба далели фақри шадид ва гуруснагӣ дар ҷоддаҳо ба сар мебарад. Ин хонаводаҳо аз рӯз шанбе, ба ин сӯ аз манотиқи вулусволии Аллоҳёр ба шаҳри Фирузкӯҳ омадаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ҳашти субҳ Кобул”.
Ин хонаводаҳо дар ҳоле шабу рӯз худро дар фазои боз ва ҳавои сарди Фирузкӯҳ мегузаронанд, ки дар миёнашон кӯдакони навзод, занону мардони куҳансол низ ҳузур доранд.
Хонаводаҳое, ки ба далели фақр дар маркази вилояти Ғур паноҳ бурдаанд, мегӯянд, то ҳол ҳеҷ ниҳоде ба кумаки онҳо нарасидааст.
Хонаводаҳо гуфтанд, ки барои харидани дору ва ғизо пул надоранд. Онҳо аз муассисаю ташкилотхо кумак мехоҳанд, зеро дар акси ҳол фарзандонашон аз сардӣ ва гуруснагии сахт ҷон хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол муовини волии толибон дар вилояти Ғур ба расонаҳо ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтааст, ки онҳо талош доранд, аз созмонҳои имдодӣ барои мардуми ниёзманд кумак бигиранд.
ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакон дар Афғонистон гуфт: духтарони 20-рӯзаро медиҳанд
Ғур дар ғарби ин кишвар қарор дорад, ки яке аз вилоятҳои кӯҳӣ ва сард ба ҳисоб меравад. Нигароние вуҷуд дорад, ки бо бештар сард шудани ҳаво фоҷеаи инсоние ба далели гуруснагӣ дар Ғур рух диҳад.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз хонаводаҳо дар Ғур духтарони хурдсолашонро ба далели фақр ба фурӯш мерасонанд.