ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ситораҳои маъруфи синамои "Ҳолливуд" Том Ҳарди ва Ченнинг Татум қасд доранд, дар филме дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон нақш бозӣ кунанд, хабар медиҳад BBC.
Гуфта мешавад, филм аз ҷониби коргардон Ҷорҷ Нолфи ва ширкати "Universal Cinematic Company" наворбардорӣ мешавад.
Филм бар асоси рӯйдодҳои воқеии амалиёти тахлия ва талошҳои се корманди собиқи нерӯҳои вижаи артиши ИМА дар баробари фармондеҳони афғон барои кӯчонидани шаҳрвандони хориҷӣ ва наҷоти ҳамтоёни афғони худ пас аз тасаллути толибон бар Афғонистон таҳия мешавад.
Дар ҷараёни амалиёти тахлияи нерӯҳои хориҷӣ даҳҳо ҳазор нафар аз фурудгоҳ тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ берун аз Афғонистон интиқол дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Амрико амалиёти низомиро дар ин ҷумҳурӣ соли 2001 оғоз кард, ки он тӯли 20 сол идома дошт.
Президенти ИМА Ҷо Байден дар охири моҳи апрели соли 2021 замони хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон эълон кард.
Охирин афсарони амрикоӣ майдони ҳавоии Кобулро шаби 31 август тарк карданд.
Дар пайи ин эълон ҷангҷӯёни толиб ҳамлаҳояшонро афзоиш дода, вилоятҳоро яке пайи дигаре гирифтанд ва 15 август бидуни ҷанг бар Кобул тасаллут пайдо карданд.
Қабл аз вуруди толибҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар фирор кард.
Коршиносон ва худи амрикоиҳо фаъолияти 20-солаи ИМА ва НАТО-ро дар Афғонистон амалиёти нобарор ва шармовар хонданд.