ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мукофоти соҳавии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд.
Дар ин бора Вазортаи фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин мукофот ба мусносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи милитсияи тоҷик тақдим шудааст.
Дар баробари Раҳимзода панҷ корманди дигари Вазорати корҳои дохилӣ низ Аълочии фарҳанг шуданд, инҳо:
генерал-майёри милитсия, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Рамазонзода Суҳроб Кароматулло,
полковники милитсия, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Раҳимзода Амрохон Абдулло,
полковники милитсия, мушовири калони корҳои маданӣ, маънавӣ ва фарҳангию фароғатии дастгоҳ Муминов Абдулхайр Абдулҳайевич,
лейтенанти милитсия, нозири калони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи №1-и ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадшозода Сабринаи Мирзошо,
сержанти хурди милитсия, курсанти курси 3-юми факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидова Муқаддас.
Гуфта мешавад, ки мукофотро ба кормандони мақомоти интизомӣ муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат тақдим кард.
Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 10 ноябр чун Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мешавад.
Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ гузашти низомӣ баргузор гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорабинии идона иттилоъ дод, ки танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷаи давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд шуд.