Халабонҳои фирории афғонистонӣ тарки Тоҷикистон карданд: ИМА онҳоро куҷо бурд?

Халабонҳои Афғонистон, ки баъди ғасби қудрат аз сӯйи толибҳо дар Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, баъди қариби се моҳ ба кишвари сеюм бурда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон - "Uzbekistan Airways" шаби 9 ба 10 ноябр халабонҳои фирорӣ ва бархе паноҳандаҳои афғонистонии дигарро аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бурдааст.
Бар асоси иттилоъ дар бораи масири парвози ин ҳавопаймо, ки ҳомили ҳудуди 200 сарнишин будаст, он дар пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Абудабӣ фуруд омадааст. Интизор меравад, халабонони афғонистонӣ дар ин кишвар чанд муддати дигар интиқолашонро ба ИМА интизор шаванд.
Хабаргузории "Reuters" низ бо нашри чанд акс аз интиқоли халабонҳои фирории Афғонистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ин хабарро тасдиқ кардааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Касе намепурсад”: пилотҳои Афғонистон дар Тоҷикистон дармондаанд
Халабонҳо аз Афғонистон дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фирор карда буданд.
Қаблан хабар дода мешуд, ки ҳудуди 150 халабон аз Афғонистон аз тариқи ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон гурехтаанд ва тайи қариб се моҳи охир дар ин кишвар буданд. Мақомоти Тоҷикистон онҳоро то анҷоми расмиёти интиқолашон ба кишвари дигар дар истироҳатгоҳҳо ҷо карда буданд.
Бархе аз фирориён, ки дар чунин шароити номуайянӣ қарор доштанд, аз тариқи расонаҳо аз мақомоти ИМА хостанд, раванди интиқолашонро тасреъ кунанд ва бархе аз мақомдорону вакилони амрикоӣ низ хостори интиқоли ҳарчи зудтари фирориён шуда буданд.