ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Чор нафар, ба шумули ду кӯдак аз як оила дар вақти хоб аз дуд заҳролуд шудаанд, хабар дод дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, фоҷиа дар яке аз хонаҳои шахсии ноҳияи Нарпайи вилояти Самарқанд рух додааст.
Тими ёрии таъҷилии тиббӣ ҷасади аъзои як оила, аз ҷумла ду кӯдакро пайдо намудаст.
"Бар асоси маълумоти пешакӣ, сабаби марг заҳролудшавӣ аз дуд ҳангоми хоб мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ барои нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки бо марги инсон анҷомидааст, боз шудааст.
Тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки заҳролудшавӣ аз он сабаб рух додааст, ки лӯлаи дудбарои оташдони худсохт бо лонаи парандагон пӯшонда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳолатҳои заҳрлудшавӣ аз дуди ангишт қаблан низ ба қайд гирифта шуданд.
Аз ҷумла аввали моҳи ноябр дар вилояти Самарқанд модар бо ду кӯдакаш аз дуди таппак заҳролуд шуда, ҷон доданд.
Дар Тоҷикистон низ қаблан заҳролудшавӣ аз дуд ба қайд гирифта шуда буд. Ба далели маҳдудияти барқ дар навоҳии кишвар бисёри хонаҳо бо ангишту ҳезум гарм карда мешаванд, ки баъзан бо нохушӣ меанҷомад.