ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Билетҳои тақаллубӣ барои парвозҳои самти Маскав ва Санкт - Петербург камаш ба 200 мусофир фурӯхта шудаанд. Таъкид шудааст, ки ин чиптаҳо барои парвозҳои чартерии ширкати русиягии "iFly Airlines" мебошанд, дар ҳоле ки чунин парвозе дар барнома нест, хабар додааст дафтари матбуотии ҷамъияти "Uzbekistan Airports".
Ба иттилои манбаъ, ин парвозҳо аз шаҳри Навоӣ ба шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург бояд анҷом дода мешуданд, аммо маълум гардид, ки онҳо берун аз нақшаанд.
"Дар рӯзи таъйиншуда ба фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ садҳо мусофир омад, ки билети парвоз ба Русияро доштанд. Мусофирон гуфтаанд, онҳо чиптаҳоро аз нуқтаҳои ширкати "Восток Бухара" дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Урганҷ харидаанд", - омадааст дар иттилоия.
Илова шудааст, ки дар пайи рух додани чунин қазия намояндагони фурудгоҳи Навоӣ бо масъулини "Восток Бухара" дар тамос шуда, ваъда доданд, ки пули чиптаҳои мусофиронро бармегардонанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Ӯзбекистон барои парвозҳои мавҷуднабудаи ширкати "iFly Airlines" билет фурӯхта мешавад.
Қаблан ҳудуди 290 мусофир натавонистанд аз шаҳри Урганҷ ба Маскав сафар кунанд, чун парвозе, ки дар он мусофирон чипта доштанд, дар ҷадвал набуд. Он вақт барои ҳалли қазия аз Маскав ҳавопаймо фиристода шуд, то мусофиронро ба нуқтаи таъйиншуда расонад.