ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҳамчунин Вазорати саноат хабар додааст, ки дар ин корхонаҳо 2067 нафар ба ҷои кор таъмин шудааст.
Маҷмуи сармоягузориҳои саноатӣ низ дар 9 моҳи соли равон ҳудуди 3,8 миллиард сомонӣ (340 миллион доллар) будааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз оғози имсол то кунун 35 маҳсули ҷадид дар корхонаҳои кишвар тавлид шуд.
Аз ҷумлаи ин маҳсулот метавон ба каналҳои таҳвия дар обгармкуни барқӣ, чангкашак, мошини либосшуии нимаавтомат, хокаи либосшуӣ, телевизион, нармкунанда ва ғайра ишора кард.
Бар асоси пешбинии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, то поёни соли равон теъдоди бунгоҳҳо ва коргоҳҳои тавлидии кишвар ба 292 воҳид афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи омори ин вазоратхона, 2360 бунгоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст.