ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Истеҳсоли тило дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 беш аз ҳашт дарсад афзоиш ёфтааст.
Чунин маълумотро Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ироа кардааст.
Вазорат мушаххас накардааст, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон чӣ миқдор тило ба даст омадааст.
Маълум аст, ки дар кишвар бештар металлҳои қиматбаҳо аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ, асосан чинӣ истихроҷ ва пардозиш мешаванд.
Истеҳсолкунандагони аслии тило дар Тоҷикистон "Зарафшон", "Покрӯд" ва "Таком голд" мебошанд. Аксари саҳмияҳои ин ширкатҳо ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд.
Дар Тоҷикистон ташкилоти "Апрелевка" низ амал мекунад. Қариб 50 дарсади саҳмияҳои ширкат ба соҳибкорони Канада тааллуқ доранд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2014 то 2019 истихроҷи тило дар Тоҷикистон беш аз чаҳор баробар: аз ду то ҳашт тонна афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол Вазорати саноат натоиҷи истихроҷи филизоти қиматбаҳоро дар соли 2020 эълон накардааст.
Гумон меравад, ки истихроҷ аз сабаби пандемия суст шудааст.
Ҳоло дар кишвар қариб 140 кони тило мавҷуд аст. Ҳаҷми захираҳо қариб 500 тоннаро ташкил медиҳад. Аммо ҷумҳурӣ маҷбур шуд, ки як қисми захираҳоро аз сабаби нарасидани маблағ, дар натиҷаи кам шудани маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ ба фурӯш барорад.