ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Сарбозони тоҷик ба сӯйи мошини як марзбони қирғиз санг партоб карданд, гузориш медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба КДАМ.
Тибқи гузориши ин ниҳод, рӯзи чаҳоруми ноябр дар ноҳияи Лайлак, дар қитъаи роҳи Арка - Борбордук, дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Бостон" як марзбони қирғиз савори мошинаш кӯшиш гардиш кардааст.
"Дар ҷараёни ин ҳаракат мошинро панҷ низомии тоҷик сангборон карданд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ мегӯяд, онҳо кӯшиши боздошти ӯро кардаанд, вале ин талош бебарор будааст. Сарҳадбон осеб надидааст, танҳо шишаи мошинаш шикастааст.
КДАМ Қирғизистон афзуда, ки корҳо дар ин робита идома доранд.
Дар ин росто, мулоқоти намояндагони марзбонии Қирғизистон дар Лайлак ва Тоҷикистон дар Ганҷин дар назар аст.
Ногуфта намонад, ки КДАМ Тоҷикистон то ҳол ин воқеаро шарҳ надодааст.