Кушта шудани як фармондеҳи пурқудрати "Толибон"* дар таркиши бемористони Кобул

Фармондеҳи "Толибон"* Мухлис дар ҳамла ба бемористони Афғонистон кушта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Яке аз фармондеҳони нерӯҳои "Толибон"* дар Кобул дар пайи ҳамла ба бемористони низомӣ дар Афғонистон кушта шуд, хабар додааст як манбаи ин гурӯҳ ба РИА "Новости".

"Ҳамдуллоҳ, масъули қули урдӯи Кобул дар ҳамлаи ДОИШ* кушта шуд", - гуфт манбаъ.

Бинобар иттилои "Франс пресс", фармондеҳи кушташуда Ҳамдулло Мухлис мебошад. "Толибон"* марги ӯро рад мекунад.
Ҳамдуллоҳ Мухлис нахустин узви "Толибон"* буд, ки пас аз суқути Кобул вориди Арг шуд ва ба курсии Ашраф Ғанӣ такя зад.
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба бемористони низомии Кобулро ба уҳда гирифт
Гуфта мешавад, ӯ масъули қули урдӯи Кобул буд ва дар байни фармондеҳони "Толибон"* қудрати хеле зиёд дошт.
Қаблан як шоҳид ба хабаргузории РИА "Новости" гуфта буд, ки рӯзи сешанбе як гурӯҳи террористон вориди муассисаи тиббӣ шуд ва онро тарконд. Дар ин ҷо террористон бо аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"* даргир шудаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ожонсӣ, дар ин ҳодиса 23 нафар кушта ва 50 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* ба уҳда гирифтааст.
Авоили моҳи август "Толибон"* бо ҳамлаи сареъ ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидан зарба зад ва авоили тирамоҳ тамоми манотиқи ҷумҳуриро ишғол кард.
23 кас куштаву 50 захмӣ - ҷузъиёти тозаи таркишҳо дар Кобул
Ҳамчунин шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима бахшиданд.
Баъд аз он "Толибон"* хукумати муваққатӣ ташкил кард. Девони вазиронро Муҳаммад Ҳасан Охунд раҳбарӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон" ба ҳайси вазири хориҷа кор мекард ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия