Чин ва Русияро барои Осиёи Марказӣ "ҷанг" мешавад: расонаҳо

Муноқиша миёни Русия ва Чин бар сари тафовути манофеъ дар Осиёи Марказӣ идома дорад. Оё мешавад аз он канорагирӣ кард?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Муносибатҳои Русия ва Чин ба дӯстии қавӣ монанданд, аммо шояд дар байни раҳбарони ин кишварҳо зиддиятҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оянд, менависад як шореҳи нашрияи хорватии "Advance".
Сабаби асосӣ, ба гуфтаи рӯзноманигор, метавонад Осиёи Марказӣ шавад.
Ӯ ба унвони мисол иқтибосҳоеро аз изҳороти публисист ва сиёсатшиноси рус, профессори донишгоҳи Чжэтсзян Александр Лукин меорад, ки мегӯяд: “Авҷи ҳамкориҳои Русияву Чин имрӯз аллакай гузаштааст”.
Ба фикри ӯ, сиёсати берунии Чин бештар мудохилакунанда мешавад ва ба номи "дипломатияи гург-ҷанговар" торафт элитаи русро ба хашм меорад".
Размоиши стратегиии Русия ва Чин - паём ба Толибон* ва ИМА
Сабаби эҳтимолии ихтилофи назар миёни Маскав ва Пекин сиёсати хориҷӣ, яъне доираҳои нуфуз дар Осиёи Марказӣ гуфта мешавад, ки Чин онро ҳадафи худ қарор додааст.
"Русия ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мусоидат мекунад. Чин дар навбати худ лоиҳаи Роҳи нави абрешим ( ба таври расмӣ, як камарбанд ва як роҳ)-ро пешбарӣ мекунад, ки барои ширкаткунандагон хеле ҷолиб аст ва он ҳам як сабаб дорад: Пекин барои сохтмони инфрасохтор пули бештар пешниҳод менамояд", — меафзояд журналисти хорватӣ.
Ба назари ӯ, соҳаи дигаре, ки Русия то чанде пеш дар Осиёи Марказӣ бартарӣ дошт, амният аст. Аммо ҳозир Пекин ба давлатҳои ҳампаймони Русия на танҳо яроқу аслиҳа ва дастурҳои ҳарбӣ пешниҳод мекунад, балки ба он ҷо қӯшунҳои худро бурданист.
Даъвати Познер барои муттаҳидшавии Русия ва ИМА алайҳи Чин
Русия то ҳол дар минтақа аз нуфузи бештар бархурдор аст, вале Чин ҳадафмандона ва рӯирост барои густариши сиёсати худ кӯшиш мекунад.
Масалан, Чин як раванди даҳсолаи марбут ба маорифро оғоз кардааст. Дар ин муддат ба донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки узви СҲШ ҳастанд, ҳудуди 30 ҳазор бурсия дода мешавад.
"Манфиатҳо заминае ҳастанд, ки бо мурури замон дигаргун мешаванд. Русия ва Чин бояд маҳорати баланди сиёсиро нишон медоданд, то ба дом наафтанд", - хулоса мекунад публисист.
Вай қайд мекунад, ки ҳам Русия ва ҳам Чин намехоҳанд, ки аҳолии Осиёи Марказиро ифротгароӣ кунанд ва ин омил яке аз мавзӯъҳоест, ки ба ҷилавгирӣ аз ихтилофи сиёсӣ бар асари бархӯрди манфиатҳо дар минтақа мусоидат мекунад.
ИМА метавонад аз шиддати рӯзафзуни байни Чин ва Русия истифода бурда, дар байни элитаҳои сиёсии мамлакатҳо, чунон ки дар давраи ҳукмронии Никсон буд, истифода кунад, вале таҳлилгар хулоса мекунад, ки маъмурияти кунунии ИМА бо роҳбарии Ҷо Байден барои амалӣ кардани ин нақшаи маккорона қувва ва хирад надорад.