ДУШАНБЕ, 1 ноя— Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар барномаи телевизиони “Россия 24” гуфт, ИМА метавонад кӯшиши ҷойгир намудани нерӯҳои худ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро идома диҳанд.
"Хирагии амрикоиҳоро медонам, ба ҳамин хотир ман боварӣ дорам, ки онҳо минбаъд ҳам аз ҳар тараф вориди ин масъала мешаванд", - гуфт дипломати рус.
Сергей Лавров ёдовар шуд, ки Владимир Путин дар мулоқот бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико гуфт, "Русия комилан мухолифи талошҳои музокира бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди истиқрори бахше аз зерсохтҳои низомии Амрико дар қаламрави онҳост".
Лавров эълон кард, ки Амрико дар ҳоли ҳозир масъалаи истиқрори як гурӯҳ низомиёнро бо Ҳиндустон баррасӣ дорад. Чунин дархостҳо аллакай ба Покистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ пешниҳод шудааст.
Қобили зикр аст, ки Вазорати умури хориҷии Русия пайваста масъалаи истиқрори нерӯҳои хориҷӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон, ки бузургтарин марз бо Афғонистон дорад, матраҳ мекунад.
Вазорати хориҷаи Русия қайд мекунад, ки чунин амалҳои Иёлоти Муттаҳида кишварҳои минтақаро ба ҳамлаи террористон рӯ ба рӯ мекунанд.