ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки Вашингтон пас аз хуруҷи расмии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон аз авохири моҳи август “ҳудуди 340” амрикоии дигарро аз ин кишвар тахлия кардааст.
“Теъдоди ками амрикоиҳо дар Афғонистон буданд, ки намехостанд онҷоро тарк кунанд. Аммо баъд диданд, ки мо бо муваффақият кори тахлияро анҷом медиҳем ва гуфтанд: мо воқеъан мехоҳем кишварро тарк кунем. Ҳанӯз ҳудуди 200 нафар аз шаҳрвандони мо дар Афғонистон ҳастанд ва мо талош хоҳем кард, то онҳоро аз он ҷо хориҷ кунем", - гуфт вазири хориҷаи Амрико.
Блинкен дар мусоҳиба гуфт, ки шабе пеш аз суқути Афғонистон ба дасти “Толибон”* бо Ашраф Ғанӣ суҳбат карда ва ӯро фишор дода буд, то тарҳи интиқоли қудрат ба як ҳукумати фарогир бо ҳузури “Толибон”*-ро бипазирад.
Ба гуфтаи ӯ, Ашраф Ғанӣ ваъда дода буд, ки ин тарҳро мепазирад ва қудратро ба як ҳукумати мушорикатӣ интиқол медиҳад. Аммо гуфта мешуд, ки агар “Толибон”* ба ин тарҳ розӣ нашавад, то марг меҷангад.
"Рӯзи дигар мо фаҳмидем, ки Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кардааст", - гуфт вазири хориҷаи Амрико.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон бо чанде аз наздиконаш Кобулро тарк кард. Ба гуфтаи сафорати Русия дар Кобул, ӯ ҳангоми фирор бо худ беш аз 165 миллион долларро ба берун аз ин кишвар бурдааст.
Сипас маълум шуд, ки Ашраф Ғанӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор кардааст.
Дар ҳамин ҳол чанде баъд аз фирораш Ашраф Ғанӣ иттиҳомоти тасарруфи маблағро рад кард ва гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезию тахриби Кобул аз Афғонистон фирор кардааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон