Фоҷиаи башарӣ: 97%-и мардуми Афғонистон ба фақр фурӯ меравад

Намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар саросари ҷаҳон аз пеш омадани фоҷиабортарин вазъ дар кишвари худ бонги хатар задаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъдаи кӯмак ба ин кишварро карда буд, аммо иҷро намекунад.
Баёнияи ҳайатҳои дипломатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, вазъи кишварро яке аз печидатарин буҳронҳои башардӯстона дар таърихи кишвар хонда, даргириҳои таҳмилии чаҳор даҳаи гузашта, фақри бумӣ, асароти номатлуби тағйироти обуҳавоӣ ва рукуди иқтисоди ҷаҳонӣ ба далели COVID-19-ро сабабҳои асосӣ хондааст.

“Муҳиммтар аз ин хушунати шадид дар шаш моҳи гузашта, нотавонии давлат дар ироаи хадамоти умумии муассир ва ихлол дар назми Қонуни Асосӣ, чашмандози бади башардӯстонаро дар саросари Афғонистон ташдид кардааст, то ҷое ки суқути қарибулуқуи ниҳодҳои давлатӣ ва иқтисоди кулли Афғонистон бармало шуда, миллат ба лаби партгоҳ расидааст”, - омадааст дар баёния.

Қаблан ожонсҳои Созмони Милали Муттаҳид эълон карда буданд, ки дар Афғонистон чаҳордаҳ миллион нафар (аз ҳар се як нафар) бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ аст ва ҳудуди се миллион кӯдак дар маърази хатари суитағзияи ҳод ё камбуди шадиди ғизоъ қарор доранд.
Маскав ва Душанбе алайҳи террористони Афғонистон муттаҳид шуданд
Бино ба пешбиниҳо, 22.8 миллион сокини Афғонистон мумкин аст, дар замистони пешорӯ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шаванд ва 97 дарсади мардум то миёнаҳои соли 2022 дар фақр фурӯ бираванд.
Ҳайатҳои дипломатии Ҷумҳури Исломии Афғонистон аз баргузории конфронси вазирон дар сатҳ олӣ дар мавриди вазъияти башардӯстонаи Афғонистон тавассути Антонио Гутуреш, Дабири кулли СММ дар моҳи гузашта истиқбол карда, аз ин ки беш аз 100 кишвару 30 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ дар он ширкат карданд ва саховатмандона 1,2 миллиард доллар, шомили 606 миллион доллар барои чаҳор моҳи оянда, то поён моҳ декабр тааҳҳуд карданд, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.
“Бо ин ҳол, ба гуфтаи СММ, аз маблағи ахир танҳо 300 миллион доллар дарёфт кардааст, ки барои рафъи ниёзҳои фаврии гурӯҳҳои осебпазири Афғонистон дар саросари кишвар кофӣ нест. Аз ин рӯ мо қавиан аз дархости Гутерреш, дабири кулли СММ аз ҷомеаи байналмилал барои пардохти кумакҳои молии саховатмандонаи худ барои кӯмак ба ҷилавгирӣ аз бадтарин сенарияҳо дар сурати нарсидани кӯмакҳо ба афроди ниёзманд ҳимоят мекунем”, - омадааст дар баёния.
Дар Афғонистон фурӯши кӯдакон дар авҷ аст
Онҳо аз “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) хостаанд, ки эҳтироми комил ба ҳуқуқи башар, қавонини байналмилалии башардӯстона ва усулро тазмин кунад, то кумакҳои башардӯстона битавонад ба ҳамаи афроди ниёзманд бирасад.
Ин ҳайатҳои дипломатӣ марбути ҳукумати қаблии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури фирории Афғонистон буда, дар ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон, дар намояндагиҳои дипломатии Афғонистон кор мекунанд.