Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Марги ноаён: одам чӣ гуна гирифтори коронавирус мешавад

Пизишк шарҳ дод, ки чӣ гуна сироятшавӣ бо штамми маъмултарини COVID-19 - делта - штамм рух медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Шахс метавонад осон бо штамми делтаи коронавирус сироят шавад, агар бидуни ниқоб аз назди бемор гузарад.
Дар ин бора иммунолог-аллерголог Владимир Болибок дар суҳбат бо радиои Sputnik хабар дод.
Мутахассис қайд кард, ки штамми делта нисбат ба навъи якум - вуҳании COVID-19 чанд маротиба хатарноктар аст.
"Гап сари ин аст, ки сироятпазирии он, яъне қобилияти сироят кардан - нисбат ба штаммҳои қаблӣ хеле баландтар аст", - таъкид кард Болибок.
Тибқи маълумоти СҶБ, гирифтор шудан бо навъи вуҳании коронавирус, дар сурати қарор доштан дар наздикии шахси гирифтор зимни сулфа задан, имконпазир буд. Барои сироят шудан бо штамми делта бошад, танҳо аз назди шахси бемор гузаштан кофӣ аст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Маскав навъи нави коронавирус ошкор шуд
Болибок ёдовар шуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин навъи коронавирус дар Русия рӯзҳои тӯлонии ғайрикорӣ ҷорӣ шудааст.
Ваксинзанӣ роҳи боэътимоди муҳофизат аз штамми делта мебошад. Ба гуфти табиб, самаранокии доруи русии "Спутник V" бар зидди ин навъи сироят аз 90 дарсад бештар аст.
Ёдовар мешавем, ки штамми делтаи коронавирус бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуда буд. Он бо суръати баланди сироятӣ машҳур аст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон гуфтанд, одам чанд маротиба метавонад гирифтори коронавирус шавад
Ин намуди сироят муҳофизати масуниятро дар бадани ваксинашуда ва шифоёфта аз сабаби мутатсия ду-се маротиба коҳиш медиҳад.