Муборизи риштаи муҳорибаҳои омехтаи Русия (ММА) Федор Емеляненко дар Bellator дар Маскав бар Тимоти Ҷонсон ғолиб омад.
Аз лаҳзаи аввали муҳориба Емеляненко ва Чонсон ба муштзанӣ пардохтанд. Амрикоӣ дар дақиқаи дуввум зарбаи сахт гирифт.
Варзишкори рус дарҳол аз фурсат истифода карда ҳуҷумро давом дод: ӯ ба рақиб боз ду зарба зада ва ӯро ба замин афтонд. Баъд аз ин, довар фавран рақобатро қатъ кард.
Федори 45-сола дар тӯли фаъолияташ 40 ғалаба (31 — пеш аз мухлат) ва шаш бохт дорад.
Ҷонсони 36-сола бошад 15 маротиба (11 пеш аз муҳлат) дар тӯли фаъолияташ пирӯз шуда ва ҳашт бор мағлуб шудааст.
Инчунин, дар аввалин мусобиқаи Bellator дар Русия, се шогирди "Императори охирин" - Кирил Сиделников, Анатолий Токов ва Никита Михайлов пирӯз шуданд.
Дар баробари ин Емеляненко ба саволи идомаи фаъолият дар MMA чунин посухи аниқ надод.
"Мо тибқи шартнома бо созмон боз як рақобати дигар дорем, мо бо президенти лига Скотт Кокер суҳбат мекунем. Ҳоло ман мехоҳам ба хона равам, ба назди духтарон - онҳо маро интизоранд, ман онҳоро пазмон шудам", — гуфт варзишкор зимни нишасти матбуотӣ.
Ин рақобатро қаҳрамони собиқи ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ тамошо кард.
Ба гуфти ӯ, рақобат махсусан бо назардошти синну соли Емеляненко, хеле босуръат анҷом ёфт.