ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ин иттиҳод Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ном дорад.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, раҳбарони сиёсии ин кишвар, аз қабили Атомуҳаммади Нур, Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммади Муҳаққиқ, Абдурашиди Дӯстум, Юнус Қонунӣ, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, Тодинхон (бародари Абдурозиқи Ачакзай), дар умум ҳудуди 20 вакили парлумони собиқ ва фармондеҳони ҷиҳодии Афғонистон, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд, дар ин иттиҳод мебошанд.
“Шӯрои олии муқовамати миллии Ҷумҳури Исломии Афғонистон раҳбар надорад ва тариқи шӯроӣ идора мешавад. Ҳадафи он муқовимат бо ҳукумати гурӯҳӣ, такқавмӣ, дастнишондаи хориҷӣ ва ғайримардумии “Толибон”* дар Афғонистон аст”, - гуфт манбаъ.
Аввал - сулҳ, баъд - ҷанг
Дар эъломияи аввалине, ки ин шӯро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, омадааст, онҳо аввал тариқи талошҳои сиёсӣ мехоҳанд қазоёи кишварро ҳалу фасл кунанд ва дар қадами аввал оғози муҷаддади музокирот аҳамият фавқулодда дорад.
“Ин музокирот бояд ба манзури расидан ба як сулҳи пойдору боиззат, ки мутазаммини иъодаи ҷумҳурияти мубтанӣ бар усули исломӣ ва ба миён овардани як низоми мунтахаб бо мушорикати одилонаи ҳамаи ақвому ҷараёнҳо ва ақшори мухталифи ҷомеа ва зомини таъмини ҳуқуқи асосии шаҳрвандон, хусусан занон, атфол, маълулин ва ақаллиятҳо бошад”, - омадааст дар эъломия.
Дар идомаи эъломияи Шӯрои олии муқовимат омадааст, дар сурате ки ҷониби муқобил ва ҳомиёнашон ба чунин роҳҳал тан надиҳанд, ночор ба бахши дувуми мубориза - фаъолиятҳои низомӣ даст хоҳад зад ва масъулияту паёмадҳои он ба дӯши ҷониби муқобил хоҳад буд.
“Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мутааҳҳид аст, ки як ҳайати ҳақиқатёб таъйин намояд, то авомили суқути ногаҳонии низоми ҷумҳурии исломиро баррасӣ намуда, касонеро, ки дар ин муомилаи нангин даст дошта, шиносоӣ ва ба унвони хоинини миллӣ ба миллати бузурги Афғонистон муаррифӣ намояд”, - омадааст дар эъломия.
Таҷовузи хориҷӣ ва ҳукумати якҷониба
Дар идомаи эъломия Шӯрои олии муқовимат ба масоили рӯз дар Афғонистон пардохта шуда, нахуст аз истодагӣ ва далериҳои мардуми озодаи кишвар, бавижа занону ҷавонон дар баробар вазъияти асафбори кунунӣ, ба арвоҳи поки тамом шуҳадое, ки дар ин роҳ ҷонҳояшонро фидо намудаанд, дуруд мефиристад ва аз мардуми кишвар тақозо менамояд, ки худро барои як муқовимати душвору дарозмуддат дар баробари истибдоди дохилӣ ва таҷовузу ишғолгарии хориҷӣ омода кунанд.
“Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз мавқифи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият нашинохтани гурӯҳи “Толибон”* тақдир мекунад ва аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама кишварҳои ҷаҳон мехоҳад, ки ҳукумати якҷониба, истибдодӣ ва зидди ваҳдати миллии гурӯҳи “Толибон”*-ро, ки дар он ҳуқуқи ақвому занони боиззати кишвар, мазоҳиб ва забонҳои расмӣ нодида гирифта шуда ва ниме аз кобинаи он машмули таҳримҳои СММ ва бархе кишварҳои ҷаҳон мебошанд, ба расмият нашносанд ва фишори лозимро болои онҳо барои пазириши як ҳукумати ҳамашумул ворид созанд”, - омадааст дар баёния.
Шӯрои олии муқовимат аз таҳрики “Толибон”* низ хостааст, аз куштори систематик ва дастгирии масъулони низомиву амниятии ҳукумати қаблӣ, ҳамчунон аз озори вазъияти мардуму кӯчҳои иҷборӣ ва тасоҳуби амлоку амволи мардум ва хушунат алайҳи шаҳрвандони кишвар даст бардоранд ва музокироти мустақиму созандаро бо "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон" оғоз намоянд.
Дар охир ҳам ин шӯро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои кӯмакрасони ҷаҳон тақозо кардааст, то мардуми Афғонистонро ба таври мустақим мавриди кӯмакҳои башардӯстона қарор диҳанд.
Муқовимати дувум
Дар ҳамин ҳол ин дувумин як ниҳоди сиёсии раҳбарони сиёсии Афғонистон аст, ки бо номи муқовимат ба майдон меояд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал (1996 – 2001) ҳанӯз моҳи августи соли равон, пас аз суқути Кобул ба дасти “Толибон”* эъломи мавҷудият карда, нерӯҳояш алъон дар дараи Панҷшери вилояти ҳамном ва Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* меҷанганд.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, раҳбарони сиёсии ин кишвар Атомуҳаммади Нур ва Тодинхон дар Туркия, Абдураб Расули Сайёф дар Ҳиндустон, Муҳаммади Муҳаққиқ ва Абдурашиди Дӯстум дар Туркия, Юнус Қонунӣ дар Бритониё, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар Тоҷикистон ва бақия ҳам дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур дошта, то имзои ин эъломия диду водидҳои ҳузурӣ низ доштаанд.
Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳоле аз худ дарак медиҳад, ки ҳаракати “Толибон”* то ба ҳол аз сӯйи кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст ва барои ба даст овардани эътирофи байнулмилалӣ талош мекунад.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон