Ваъдаи Покистон ба Афғонистон: 30 миллион доллар кумак мекунем

Вазири хориҷаи Покистон ваъда додааст, ки молиёти содироти меваи тоза ва хушк маоф мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ахиран дар як сафари расмӣ ба Кобул бо мақомоти гурӯҳи “Толибон”* дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Зимни мулоқот Курайшӣ ба Девони Вазирони гурӯҳи “Толибон”* ваъда дод, ки Покистон зимнаи кумаки ҳудуди 30-миллиондоллариро фароҳам ва молиёти содироти меваи тозаву хушкро низ маоф мекунад.
Вазири умури хориҷии Покистон тасдиқ кард, ки ҳар ду тараф низ барои боз кардани гузаргоҳи Турхам ба мувофиқат расидаанд.
Инфиҷори пояи барқ: Кобул ва чанд минтақаи Афғонистон ба торикӣ фурӯ рафтанд
Қурайшӣ гуфт, афғонҳое, ки аз гузаргоҳи Турхам мегузаранд, аз гузаштани санҷишҳои коронаӣ озод мешаванд.
Аз сӯйи дигар вазири умури хориҷии Покистон таъкид кард, ки дар гузаргоҳи Турхам ба беморони афғон раводиди фаврӣ дода мешавад.
Озод намудани содироти мева аз андоз дар ҳоле сурат мегирад, ки боғбонони Қандаҳор мегӯянд, баста шудани гузаргоҳҳои Чаман ва Спин Булдак барои тиҷорат боиси пӯсида шудани анорҳои Қандаҳор дар боғҳои вилоят шудааст.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон